Шуъбаи Бахши байнулмилалии назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии сафорати ИМА (бахши INL) дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барномаи шашҳафтаинаи “Баланд бардоштани мақоми зан”-ро барои занон-афсарони милитсия дар Душанбе ба анҷом расонд.

Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, занон-афсарони милитсия бо зиёда аз бист мавзуъ шинос шуданд, ки ин дар навбати худ, ихтисоси онҳоро дар мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ, худкушӣ миёни занҳо, хушунати ҷавонон ва хариду фурӯши одамон дар ҷомеа такмил дод.

Ба иттилои манбаъ, барномаи мазкур тавассути пудратчии бахши номбаршуда-созмони “Эмерҷенс Групп”(TEG), аз 21-уми октябр то 29-уми ноябри соли равон дар Академияи назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баргузор шуд.

Гуфта мешавад, ҳадафи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани маҳорати амалӣ ва тафтишотии занон-афсарони милитсия ва афзоиши иқтидори сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи мувофиқ ба талаботи ҷомеа аст.