Рӯзи 30-юми ноябр дар Душанбе конфронси серӯза оид ба ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар бахши назорати маводи нашъаовар ва таъмини ҳаёт оғоз мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ хабар доданд, баҳри баррасии роҳандозии тадбирҳои тоза ҷиҳати мубориза бо маводи мухаддир миёни кишварҳо таҳти сарварии роҳбари хадамоти марзбонӣ ва вазири масоили марзҳову ҷамоатҳои Афғонистон як ҳайати ин кишвар ба Душанбе ташриф овард.

«Ҳадаф аз баргузории конфронс сари як миз гирдиҳам овардани шахсони расмии машғул ба фаъолият дар бахши мубориза бо мухаддирот дар сатҳи музофотҳо, намояндагони ҷамоатҳо ва ҳамчунин мададрасонон барои баррасии таҳдидҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва таъмини ҳаёти осоишта дар минтақаҳои наздимарзӣ аст», - гуфтанд дар Агентӣ.

«Дар ҷараёни конфронс баррасии роҳандозии ташаббусҳои тоза бо таваҷҷуҳ ба таъмини амнияти марзҳо ва ҳамкории фаромарзӣ дар самти мубориза бо қочоқи афюн низ дар назар аст, зеро маълумот дар бораи нисбат ба соли 2012 афзудани майдони кишти афюн ба андозаи 46% дар соли равон нигаронкунанда аст», - афзуд сарчашмаи хабар.