Имрӯз дар Душанбе мулоқоти ғайрирасмии сатҳи олӣ дар масъалаҳои муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, арзёбӣ ва пешгӯиҳои инкишофи вазъи мухаддиротӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз мекунад.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, дар кори мулоқот роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии  Афғонистон, Эрон, Покистон,  Қазоқистон, Қирғизистон,  Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Россия, Хитой, Америка, Туркия, ҳамчунин  намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар  ва ҷинояткорӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҳузур доранд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ширкаткунандагон роҳҳои ягонаи босуботгардонии вазъ ва муқовимат ба густариши маводи мухаддир дар минтақа дар соли 2014-ро таҳия ва омодагии ҷонибҳоро ҷиҳати қабули чораҳои қатъии зиддимухаддиротӣ арзёбӣ  менамоянд.  Ба масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир диққати махсус дода хоҳад шуд.

Намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар ин мулоқот натиҷаҳои барномаҳои зиддимухаддиротии дар минтақа татбиқшуда ва дурнамои рушди вазъи нашъамандиро пешниҳод мекунанд. Ширкаткунандагон таҷрибаи пешқадами ҳамкориҳои байналмилалиро дар тафтиш ва ошкори парвандаҳои вобаста ба гурӯҳҳои маводи мухаддир дида мебароянд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин андешаҳо барои стратегияҳои нав дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир муҳокима мешаванд. Аз натиҷаи он қабули Изҳороти муштарак дар назар аст.

Дар рафти Вохӯрӣ дар доираи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ “Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо оид ба мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя барои солҳои 2011-2014”, ҳамчунин гузаронидани мулоқоти ҳамоҳангсозӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои ширкаткунандаи барнома ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ  ба нақша гирифта шудааст.

Дар мулоқот рафти иҷрои Барнома муҳокима шуда, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишварҳо баррасӣ мегарданд.