Нимаи дуюми рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда Қирғизистон корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Кӯктош-Оқсой-Тамдик дар минтақаи баҳсноки марз дар самти Исфараро мутаваққиф сохт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» тариқи телефн як сокини деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара Фарҳод Сафаров хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл техникаи асосӣ аз майдони сохтмон бароварда шудаст. «Ба қавли бинокорони қирғиз, ду экскаватори боқимонда низ ҳамин рӯз аз майдони сохтмон берун бурда мешаванд», - иброз дошт Сафаров.

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Исфара низ ин маълумотро тасдиқ намуданд.

Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи оғози корҳои сохтмон дар роҳи зикршуда санаи 11-уми январ миёни марзбонони ҳарду кишвар муноқишаи мусаллахона рух дод, ки бар асари он ду марзбони тоҷик ва шаш марзбони кишвари ҳамсоя ҷароҳат бардоштанд.