Муовини роҳбари бахши минтақавии Ҳадамоти амниятии назди Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Райан Эванс бисту се корманди Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хатми курси таълимии «Роҳандозии парвандаҳои махсусан муҳим» табрик намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи курси таълимии номбаршуда аз беҳтар намудани иқтидори кормандон дар омода сохтан, идоракунӣ ва назорати тафтишоти амалҳои террористӣ ва дигар амалҳои мураккаби ҷиноятӣ, минҷумла тафтишоти муштарак, ки як қатор ҷузъҳоро аз шуъбаҳои гуногун дар бар мегирад, иборат аст.

Ба иттилои манбаъ, зимни суханрониаш ҷаноби Эванс қайд намудааст, ки курси таълимии номбаршуда яке аз силсилаи курсҳои омӯзишии Барномаи ёрии зидди террористии барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои соли 2014 ба нақша гирифта шуда, бо дастгирии бахши минтақавии Хадамоти амниятии Сафорати ИМА гузаронида мешавад. Курсҳои мазкур аз ҷониби Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористӣ дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ мешаванд.

Зимнан, ҷаноби Эванс ба иштирокчиёни курс барои кӯшишу талошҳо дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизмом изҳори миннатдорӣ намуда, инчунин қайд кардааст, ки Барномаи ёрии зидди террористӣ дар фаъолиятҳои худ усули “омӯзиши омӯзгор”-ро истифода мебарад. Ӯ изҳори боварӣ намудааст, ки иштирокчиёни курс дар навбати худ, дониши азхудкардаро бо ҳамкасбонашон мубодила мекунанд.

Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористӣ соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис дода шудааст. Он механизми калидии Ҳукумати ИМА баҳри таъмини барномаҳои омӯзишӣ, таҷҳизот ва технология барои давлатҳои ҳамшарики ИМА, ки алайҳи терроризм мубориза мебаранд, мебошад.

Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардустона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.