Ҳайати дастаи таъиноти махсуси милиса (ДТММ, ОМОН)-и Раёсати ВКД ҶТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон комилан аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ таъмин хоҳад шуд.

Сардори Раёсати ВКД ҶТ дар ВМКБ Файзулло Нозимов ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки шумори ҳайати даста аз 30 то ба 100 нафар зиёд шуда, онҳо гурӯҳи ҳайати маҳдуди ин дастаро, ки ҳанӯз аз замони рӯйдодҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ қарор доранд, иваз хоҳанд кард.

«Вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ дар Хоруғ пурра ба эътидол омада, барои дар ин ҷо нигаҳдории дастаи ДТММ-и сафарбаршуда дигар ҳеҷ зарурате намонд, - иброз дошт ӯ.

Мақомоти раҳбарии Раёсати мазкур бар ин назар аст, ки ин иқдом ба коҳиши бекорӣ миёни ҷавонони маҳаллӣ тавассути ҷалби ҷавонони қобилиятноку ватандӯст ба хизмат мусоидат намуда, маблағҳои сарфашуда аз таъмини дастаи сафарбаршуда ба беҳбуди шароити маишии кормандони маҳаллии милиса равона хоҳад шуд.

Ба қавли Ф.Нозимов, кормандони раёсат ба таъмини тартибот дар шаҳру навоҳӣ бо нерӯи худӣ имкон доранд. «Болоравии эътимоди мардуми маҳаллӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон медихад, ки кормандони милиса уҳдадориҳои худро пурсамар ба иҷро расонанд», - мутмаин аст сардори раёсат.