Фармондеҳи Қӯшунҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майори Артиши ИМА Микаел К.Нагата бо мақсади муҳокимаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои амният бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба иттилои сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон, ҳангоми сафари хеш генерал Нагата бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот онҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории бефосилаи ҳарбӣ байни ИМА ва ҶТ, минҷумла ҳамкории Қӯшунҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказӣ бо қувваҳои махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд. 

«Генерал ва ашхоси баландмақоми ҳарбӣ инчунин саҳми Қӯшунҳои таъиноти махсусии Фармондеҳии марказиро дар таъмини сулҳусубот ва амният дар Осиёи Марказӣ қайд намуданд», - хабар медиҳад намояндагии дипломатии ИМА.