Рӯзи 29-уми март Ввазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сафири Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжун вохӯрӣ доир намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ ҳамчунин мушовири сафир Фан Лун ва намояндаи расмии Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин дар Тоҷикистон Бян Юйтсзе иштирок доштанд.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ тарафҳо оид ба масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷониба дар мавриди мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, мубодилаи иттилоот ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос табодули афкор намуданд.

Қайд гардид, ки чунин вохӯриҳо ба манфиати кор буда, баҳри ривоҷ ёфтани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мушатарак имконияти бештаре фароҳам хоҳад овард.