Қирғизистон гузаргоҳҳои марзияш бо Тоҷикистонро, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи 11-уми январ яктарафа аз ҷониби Бишкек баста шуда буд, боз мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод, имрӯз як гузаргоҳ дар самти Исфара боз шуда, ифтитоҳи ду гузаргоҳи дигар пагоҳ ваъда шудааст. «Боз ду гузаргоҳ дар самтҳои ВМКБ ва Роштқалъа 30-юми март боз шуда буданд», - гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи 11-уми январ дар марзи давлатии ҳарду кишвар гузаргоҳҳои марзӣ яктарафа аз ҷониби Бишкек баста шуда буд. Аз он замон ҷонибҳо ба ҷараёни гуфтушунид оид ба ҳалли мушкилоти қитъаҳои баҳсноки марз суръат бахшиданд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки рӯзҳои наздик марҳилаи навбатии гуфтушуниди намояндагони ҳарду кишвар оид ба масъалаи таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ доир мегардад.