Котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 16-17-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе гирдиҳам меоянд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷиҳати иштирок дар вохӯрии мазкур котибони Шӯроҳои амнияти Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, вазири амнияти ҷамъиятии ЧЯин, муовини Котиби Шӯрои амнияти Ӯзбекистон, котиби генералии СҲШ ва Сохтори минтақавии зиддиттеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 18-20-уми апрел сафари расмии Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат мегирад.