Ахири ҳафтаи гузашта вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар Бишкек) Такаюки Коико мулоқот доир намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД ҶТ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, падидаҳои терроризму ифротгароӣ, ҷудоиталабӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро мавриди муҳокима қарор доданд.

Сафири Ҷопон барои пазиройии хуш ба вазир изҳори минннатдорӣ намуда, зикр кард, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон яке аз мақомотҳои аввалиндараҷа  дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо ва ҳифзи тартиботи  ҷамъиятӣ мебошад, ки фаъолияти ин мақомот барои рушду нумӯи кишвар ва тинҷию оромӣ заминаи асосӣ мегузорад.