То ба имрӯз нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар 8 шаҳру навоҳии кишвар пурра ба иҷро расида, дар маҷмӯъ 64,7%-и нақшаро дар саросари кишвар ташкил медиҳад.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳрҳои Сарбанду Норак ва ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлан пурра ба иҷро расид.

«Нақшаи даъват ҳамчунин дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Мурғоб, Ишкошими ВМКБ ва ноҳияи Рашти навоҳии тобеи марказ низ иҷро шуд», - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон нақшаи даъват дар вилояти Хатлон ба андозаи 82,1%, ВМКБ – 82,3%, вилояти Суғд – 48,2%, , ноҳияҳои тобеи марказ – 64,3% ва шаҳри Душанбе – 52,9% ба иҷро расидааст.

Маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1-уми апрел оғоз гардида, то 31-уми май идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ  шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – нерӯҳои низомии зудамал, хушкигард, дифоъи зиддиҳавоӣ ва нерӯҳои низомии ҳавоӣ иборат аст.