Кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар ВМКБ аз кӯшиши навбатии интиқоли миқдори зиёди маводи мухаххири героини афғонӣ ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ намуданд.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои махсус дар қаламрави деҳаи Роғаки ноҳияи Дарвоз як роҳ (канал)-и интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ошкор шудааст.

«Қочоқбарони афғон хатарро эҳсос намуда, ба қаламрави кишвари ҳасоя паноҳ бурданд. Дар ҷойи ҳодиса, дар соҳили дарёи Панҷ ҳудуди 35 кило маводи мухаддири героин, 17 кило афюн, қаиқи резинӣ, 799 тири қутрашон 7,62 мм дарёфт шуд», - гуфт манбаъ.