Доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки аз беамалии сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон дар робита ба тақдири Александ Содиқов, ки санаи 16-уми июн дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд, комилан чунин интизорӣ мерафт.
«То ҷое ман огаҳӣ дорам, Содиқов шаҳрванди Британияи Кабир нест. Ғайр аз ин, Британияи Кабир кишвари хеле муҳофизакор (консервативӣ) буда, онҳо ба эҳтимолияти бегуноҳӣ такя карда, ба боадолатии мақомоти судӣ бовар доранд, яънеҳ адди ақал то ифшои натиҷаҳои расмии тафтиш, аз ҳар гуна изҳорот худдорӣ меварзанд. Сипас бар асоси санадҳои расмӣ мавқеъи худро муайян мекунанд», - шарҳ дод ҳуқуқшинос.
«Аммо агар мақомоти амният мавқеъи худро тасдиқ намуда, гуноҳи Содиқов ба ҷосусиро собит намоянд, ҳатман амалҳои ҳамгуна аз ҷониби Лондони расмиро метавон интизор шуд, зеро Содиқов ба ҷосусӣ ба манфиати кишвари хориҷӣ айбдор карда мешавад, ки ин аллакай натанҳо мушкили ҳуқуқӣ, балки сиёсӣ ҳам ҳаст», - зикр кард Ҳакимов.
Ёдрас мекунем, ки санаи 16-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи шаҳри Панҷакент Александр Содиқов аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба гумони даст доштан дар фаъолияти тахрибкорӣ ба манфиати кишвари хориҷӣ боздошт шуд.
Рӯзи 21-уми июн КДАМ Тоҷикистон дар бораи оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати Содиқов ва ба ҳабс гирифтани ӯ маълумот дод. Бино ба маълумоти хадамоти махсус, айни замон Содиқов дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ дар шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста