70%-и қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо камераҳои мушоҳидаи видеойӣ муҷаҳҳазанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, тамоми муассисаҳои вазорат – сар аз дастгоҳи марказӣ то қисмҳои низомӣ то соли 2015 бояд бо камераҳои мушоҳидаи видеойӣ муҷаҳҳаз карда шаванд.
Маҳмадалиев қайд кард, ки камераҳо дар қаламрави қисмҳои низомӣ дар ҳама ҷо – даромадгоҳ, ҳавлӣ, ошхона, хобгоҳ, толори варзишӣ ва ғайр аз ин, дар деворҳои атрофи қисмҳои низомӣ насб гардидаанд, то ки тамоми қаламрави қисми ҳарбӣ таҳти мушоҳидаи доимӣ қарор дошта бошад.
Дар ҳамин ҳол, ӯ аз ҳисоби кадом воситаҳо ҷудо шудан ва ҳаҷми маблағи масрафмешуда барои насби камераҳои видеойиро мушаххасан нагуфт.
Хизматчиёни ҳарбӣ аллакай нақши камераҳои мушоҳидаи видеойиро мусбат арзёбӣ намуда, умедворанд, ки мавҷудияти онҳо ба аз байн рафтани падидаи бузургсолорӣ (дедовшина) дар артиш мусоидат мекунад.
«Баъди насби камераҳои мушоҳидаи видлеойӣ муносибат бо мо беҳтар шуд ва умуман чӣ будани «дедовшина» фаромӯш шуд», - гуфт дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» яке аз хизматчиёни нерӯҳои марзбонӣ.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста