Чанде қабл зимни дидору гуфтушуниди сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов масъалаҳои муҳиму рӯзмарраи ҳамкориҳои дуҷонибаи низомии вазоратҳои мудофиаи кишварҳо Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд.
Намояндаи расиии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқоти рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар шаҳри Мскав баргузоршуда ҷонибҳо ба дурнамои рушди вазъи низомиву сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар остонаи хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба амният аз Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
«Имомуддин Сатторов ва Анатолий Антонов муҳимияти талошҳои муштарак, аз ҷумла дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар пешгирӣ ва аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои хориҷшаванда аз Афғонистонро таъкид доштанд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки дар ин ҳошия кӯшиши муштараки ҷонибҳо дар тадбирҳои минбаъда оид ба таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистион ва баланд бардоштани иқтидори ҳарбии пойгоҳи низомии 201-ум ба манфиати таъмини сулҳу субот дар минтақа тасдиқ гардид.
Ӯ мегуфт, “пешрафти Тоҷикистон, иззати ҳамаи мост”. Даргузашти Раисӣ ба муносибати Тоҷикистону Эрон чӣ таъсир метавонад расонад?
“Муҳлати дароз, набудани шароит ва меҳтарсолорӣ”. Чаро бархе ҷавонони тоҷик хоҳиши ба хидмати ҳарбӣ рафтанро надоранд?
Аз 25 май дар Душанбе автобусҳои дуошёнаи сайёҳӣ ба равуо оғоз мекунанд
Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунад
Баҳодур Усмонов бо муштзани Русия рақобат мекунад
Шакар дар Тоҷикистон қимат мешавад. Чаро истеҳсолоти худӣ нест?
Эмомалӣ Раҳмон барои видоъ бо Иброҳим Раисӣ ба Эрон рафт
Сиёсатмадоре бо мавқеи устувор. Назари ҳамкорону ҳамкасбон дар бораи Раҳматилло Зоиров
Сомон Маҳмадбеков медали деринтизори чемпионати ҷудои ҷаҳонро ба даст овард
Қабули ҳуҷҷатҳо ба синфи якум дар мактабҳо аз 1 август оғоз мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста