Намояндагони вломақоми нерӯҳои марзбонии Қирғизистон субҳи имрӯз ба Душанбе омаданд.
Бино ба маълумоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, айни замон пушти дарҳои пӯшида вохӯрии ҳайати Қирғизистон бо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҷараён дорад.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ мушаххасан нагуфт, ки ҳайати марзбонони қирғизро кӣ раҳбарӣ мекунад. «Бо итминони комил гуфта метавонам, ки дар вохӯрӣ масъалаи ҳодисаи чанде қабл рухдода дар мавзеи Бедаки ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара, ки як шаҳрванди Тоҷикистон куштаву ду марзбон ва ҳашт нафар аз аҳолии осоишта ҷароҳат бардоштанд ва минбаъд роҳ надодан ба ин ҳодисаҳо баррасӣ хоҳанд шуд», - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 10-уми июл дар мавзеи Бедаки ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара миёни марзбонони Қирғизистон ва сокинони маҳаллӣ муноқишаи навбатӣ рух дод. Бар асари аз ҷониби марзбонони қирғиз истифода шудани аслиҳаи оташфишон сокини 36-солаи Ворух – Сафоиддин Шарифов дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, боз ҳашт нафари дигар бо ҷароҳатҳо аз тири аслиҳаи оташфишон ба бемористонҳои шаҳри Исфара мунтақил шудаанд.
Дар робита ба муноқишае, ки нимаи дуюми рӯзи 10-уми июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳорот пахш намуд.
Пас аз ин ҳодиса аҳолии Ворух гирдиҳамойӣ ташкил карданд. Марзбонони қирғиз ба ҷойи баргузории гирдиҳамойӣ омада, сӯи издиҳоми мардум бетартибона тир кушодаанд, ки дар натиҷа ду сокини маҳаллӣ захмӣ шудаанд.
Дар натиҷаи мавриди тирпарронӣ қарор гирифтани қаламрави мавзеи Бедаки ҷамоати Ворух аз ҷониби марзбонони Қирғизистон ду тан аз марзбонони тоҷик захмӣ шуданд.
Ӯ мегуфт, “пешрафти Тоҷикистон, иззати ҳамаи мост”. Даргузашти Раисӣ ба муносибати Тоҷикистону Эрон чӣ таъсир метавонад расонад?
“Муҳлати дароз, набудани шароит ва меҳтарсолорӣ”. Чаро бархе ҷавонони тоҷик хоҳиши ба хидмати ҳарбӣ рафтанро надоранд?
Аз 25 май дар Душанбе автобусҳои дуошёнаи сайёҳӣ ба равуо оғоз мекунанд
Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунад
Баҳодур Усмонов бо муштзани Русия рақобат мекунад
Шакар дар Тоҷикистон қимат мешавад. Чаро истеҳсолоти худӣ нест?
Эмомалӣ Раҳмон барои видоъ бо Иброҳим Раисӣ ба Эрон рафт
Сиёсатмадоре бо мавқеи устувор. Назари ҳамкорону ҳамкасбон дар бораи Раҳматилло Зоиров
Сомон Маҳмадбеков медали деринтизори чемпионати ҷудои ҷаҳонро ба даст овард
Қабули ҳуҷҷатҳо ба синфи якум дар мактабҳо аз 1 август оғоз мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста