Дар шаҳри Исфара рӯзи душанбеи ҳафтаи равон вохӯрии ниҳодҳои қудратии вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон баргузор шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод, дар вохӯрӣ масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи наздимарзӣ ва ҳамкории ҷонибҳо дар таъмини амну субот дар ноҳияҳои наздимарзӣ баррасӣ шуданд.

«Ҷонибҳо дар масъалаи аз силоҳи оташфишон истифода накардан зимни ба вуҷуд омадани ҳолатҳои мухолифатомез ва ғайримуқаррарӣ тавофуқ ҳосил карданд», - иброз дошт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, вазъ дар самти Исфараи марзи давлатии кишварҳо, ки рӯзи 10-уми июл аз тири марзбонони қирғиз 1 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид, устувору нисбатан ором боқӣ мемонад.