Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенати милиса Рамазон Раҳимзода аз ноҳияи Рашт боздид намуда, бо шароти зист ва хизмати кормандони хадамоти оташнишонӣ ва ҳолати омодабоши Дастаи таъиноти махсуси милиса (ДТММ, ОМОН)-и Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт шинос шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, вазир бештар ба мушкилоти марбут ба таъмини кормандони милисаи минтақа бо манзил ва шароити будубоши онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Гуфта мешавад, Рамазон Раҳимзода ҳамчунин дар маросими мавриди истифода қарор додани як қатор иншооти таъиноти хизмативу маишӣ барои кормандони милисаи минтақа низ ширкат варзид.

Ба иттилои манбаъ, вазир ба ҳолати омодабоши ҳарбии кормандони милиса, роҳандозии ҳамкориҳо бо аҳолии маҳаллӣ аз ҷониби онҳо ва фаъолияти нозирони минтақавии Шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир кард.