Аз 10 то 12-уми август дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии муштараки ҳайати мушовара (колегия)-и Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия баргузор мешавад.

Аз ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҷаласа таҳти раёсати вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев доир мегардад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур масоили марбут ба ҳамкории муштараки ниҳодҳо дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароии байнулмилалӣ, ҷинояткории фаромиллӣ, муомилаоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масъалахои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз мақсади аслии ҳамкории ниҳодҳои ду кишвар табодули маълумоти фаврӣ ва муҳим миёни давлатҳо аст, ки ба саривақт андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат бо гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгарои байнулмилалӣ имкони мусоид фароҳам месозад.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи қаблии ҳайати мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия моҳи августи соли гузашта дар Маскав доир гардида буд.