Ахири ҳафтаи равон қабули донишҷӯёни нав ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба итмом мерасад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, аз аввали моҳи июли соли равон беш аз 500 нафар довталаб ба ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ ҳуҷҷат супорида, аз ин шумора зиёда аз 60 нафарашон бинобар мутобиқат накардани вазъи саломатӣ аз комиссияи тиббӣ боз пас гардонида шуданд.

«Ҳайати комиссияи қабулро, ки ба он роҳбарони Раёсатҳои дахлдори Вазорати мудофиаи шомиланд, муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-майор Абдуалим Назаров роҳбарӣ мекунад», - иттилоъ медиҳад маркази матбуоти вазорат.

Ба иттилои манбаъ, довталабон барои шомил шудан ба Донишкадаи ҳарбӣ аз фанҳои забони модарӣ ва математика ба таври хаттӣ ва аз фанни физика бошад, тариқи шифоҳӣ имтиҳон месупоранд ва ҳамзамон омодагии ҷисмонии онҳо мавриди санҷиш қарор дода мешавад. «Аз рӯи натиҷаҳои санҷишу имтиҳонот ҳудуди 200 нафар ҷавонон ба ҳайси донишҷӯи Донишкадаи ҳарбӣ қабул карда мешаванд», - зикр мегардад дар хабар.

Зимнан зикр гардид, ки Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ соли 1993 таъсис дода шуда, аз рӯи 14 ихтисос афсрони низомӣ омода мекунад. Беш аз 70%-и ҳайати афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро хатмкардагони ин донишкада ташкил медиҳанд.