Чанде қабл вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Карим-оғли Гасанов, мушовири сафорати мазкур Элҳан Комил-оғлӣ Каримов ва котиби сеюми сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон Самир Муҳаммад-оғли Аҳмедлиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили марбут ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз он ҷумла, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа мубодилаи афкор намуданд.

Сафири Озарбойҷон аз баргузории чунин як вохӯрии пурмӯҳтаво ба вазири корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, афзуд, ки заминаи ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии Озарбойҷон ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон феълан муҳайё буда, баҳри дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мусоидат менамояд.

«Фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ хеле назаррас аст. Он боис мегардад, ки ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам тақвият ёфта, рушду такомул дода шаванд, - афзуд дар хотима ҷаноби Аббосалӣ Карим-оғли Гасанов.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми вохӯрӣ тарафайн эҳтиромоти худро бо тақдими тӯҳфаҳои хотиравӣ ба ҳамдигар изҳор доштанд.