Дар зарфи 7 моҳи соли 2014 нисбати 4 нафар зодагони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон барои иштирок дар амалҳои низомӣ дар Сурия парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд.

Муовини сардори Раёсати ВКД Хатлон дар минтақаи Кӯлоб полковники милиса Абдулваҳҳоб Искандаров ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки корҳои фаврӣ дар ин самт мунтазам ҷараён доранд, зеро ҳоло мушаххасан маълум нест, ки дар даргириҳои Сурия танҳо ҳамин шумор зодагони Кӯлоб иштирок кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, корҳои мунтазами фаврӣ танҳо бо ин масъала маҳдуд намешаванд. «Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ 5 нафар боздошт ва нисбати онҳо ба гумони узвият дар гурӯҳҳои ифротгаро парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд», - иброз дошт номбурда ва илова кард, ки боз 3 нафар шаҳрвандон барои узвият дар гурӯҳи ғайриқонунии салафиён низ боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.