- Ба амнияти Русия ва Тоҷикистон хурӯҷи қарибулвуқӯъи нерӯҳои эътилофи низомии байнулмилалӣ аз Афғонистон ва кӯшишҳои вуруди ҷангиён аз Африқои Шимоливу Сурия ва дигар кишварҳои Шарқи Наздик ба Тоҷикистону Русия таҳдид мекунанд, - иброз доштааст рӯзи 11-уми август вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколсев зимни ҷаласаи ҳайатаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистону Русия дар шаҳри Қайроқкум.

Бино ба иттилои РИА «Новости», вазири корҳои дохилии Русия изҳор намудааст, феълан ҳарду кишвар мунтазам табодули маълумот мекунанд, ки тариқи он макони будубоши аъзои гурӯҳҳои террористиву ифротгаро муайян карда мешавад, вале гуногунии меъёрҳои таҷҳизоти истифодашаванда ба ҷоришавии сабти автоматӣ ва ҳамчунин гузариш ба табодули маълумот бештар дар шакли электронӣ монеъа эҷод карда, аслан бинобар сабаби мавҷуд набудани намунаи асноди расмии кишварҳои хориҷӣ дар пойгоҳи миллии маълумот, гузаронидани таҳқиқоти муқоисавӣ ва ташхисҳои судиро душвор месозад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, баъди муҳокима намудани масъалаҳои Мушовараи якҷоя Нақшаи кории Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Россия барои соли 2015 тасдик гардида, Протокол оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишнома оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 21 августи соли 2007 аз ҷониби Вазирони ҳарду кишвар ба имзо расонида шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия масъалаҳои роҳандозии фаъолияти муштараки ҷонибҳо дар самти мубориза бо терроризм, ифрогароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, дурнамои ҳамкории воҳидҳои ташхиси криминалистии вазоратҳо ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

Зикр гардид, ки айни замон беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар макотиби олии Вазорати корҳои дохилии Русия таҳсил дошта, беш аз 20 нафар кадрҳои баландихтисос аз Тоҷикистон дар самти ташхисӣ-криминалистӣ дар озмоишгоҳҳои ВКД Русия аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар ин давра дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар якҷоягӣ бо кормандони ВКД Федератсияи Россия 9 амалиёт гузаронида шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 70 кило маводи нашъадор дарёфт ва мусодира гардид.

Гуфта мешавад, бо фармони Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Колокольцев Владимир Александрович, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои саҳми арзанда гузоштан дар ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо медали «Барои хизмати шоён» мукофотонида шуд.