Намояндагони мақомоти марзбонӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҳифзи ҳуқуқии Тоҷикистону Қирғизистон чанде қабл дар ноҳияи Ҷиргатол мулоқоти дуҷониба оростанд, ки дар он ҳодисаи рӯзи 9-уми август рухдода дар марзи давлатии ҳарду ҷониб баррасӣ шуд. Дар ин ҳодиса миёни дастаи марзбононони Тоҷикистон ва се нафар шахсони мусаллаҳи аспсавор тирпарронӣ сурат гирифта, дар натиҷа яке аз онҳо кушта ва ду нафари дигар боздошт шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ мувофиқа ҳосил шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон кишвари ҳамсояро аз ҷараёни тафтиши ҳодиса огаҳ намуда, ҳамчунин ояндаи наздик гуфтугӯи телефонӣ миёни шаҳрвандони боздоштшудаи қирғиз бо наздикони онҳоро таъмин мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 9-уми август дар қаламрави Тоҷикистон, маҳаллаи аҳолинишини Тупакӯл (мавзеи пиряхи Лайсуу) миёни дастаи марзбононони Тоҷикистон ва се нафар шахсони мусаллаҳи аспсавор тирппаронӣ сурат гирифта, дар натиҷа яке аз онҳо кушта шудааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дода буд, ки бино ба маълумоти ҷониби Тоҷикистон, ду нафари дигар боздошт шуда, дар ҷойи ҳодиса милтиқи қутри 7,62 мм бо 8 тир, милтиқи хурди ТОЗ-8, дурбини истеҳсоли хориҷӣ ва 2 сар асп дарёфт шудааст. Муайян карда шудааст, ки ҳар се шаҳрвандони Қирғизистон, сокинони ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ӯш мебошанд.

«Шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда, хирсро парронидаанд ва ба талаби марзбонони тоҷик оид ба таслим шудан итоат накарда, ба тирпарронӣ оғоз карданд», - қайд кард манбаъ.