Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тақвияти реҷаи назорати шиносномавӣ аз аввали моҳи август дар қаламрави пойтахтро эълом дошт.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, санҷиши реҷаи шиноснномавӣ дар тамоми ноҳияҳои шаҳр бо мақсади ошкор намудани шахсоне гузаронида мешавад, ки дар пойтахт ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд.

«То кунун 124 нафар вайронкунандагони талаботи моддаи 469-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Иқомат доштан бидуни қайд) ошкор гардида, нисбати онҳо санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд», - иттлоъ медиҳад манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, давоми баргузории санҷиши риояи реҷаи шиносномавӣ 8 ҳолати худсарона азхуд кардани заминҳо, як ҳолати ғайриқонунӣ нигаҳдории милтиқи шикорӣ ва як далели нигаҳдории норинҷаки дастӣ ва 12 адад тир ошкор шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар арафаи нишасти рӯзҳои 11-12-уми сентябри сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикитстон шабона аз ҷониби дастаҳои пурзӯршудаи сохторҳои қудратӣ ва кормандони милиса таҳти назорат гирифта мешавад.