Дар ноҳияҳои Ишкошим ва Роштқалъа ҷаласаҳои кории ситоди вилоятии "Кӯкнор-2014” ва Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистифодаи маводи нашъаовар баргузор гардиданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, ҷаласаҳоро сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ полковник Муртазо Ҳайдарзода гузаронид.

Ба иттилои манбаъ, дар кори ҷаласаҳо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, шуъбаи кор бо занон ва оила иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, чорабиниҳои мазкур бо мақсади ташаккул додани корҳои пешгирикунандаи сӯистеъмоли маводи нашъаовар, тарғиби ҳаёти солим, инчунин ошкор ва қатъ намудани роҳҳои интиқоли маводи нашъаовар, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил карда шуданд.