Чанде қабл дар қитъаи марзи давлатӣ дар ноҳияи Ҷиргатол Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ду нафар шаҳрвандони Қирғизистон ва ду сар асперо, ки зимни ҳодисаи тирпарронии суратгирифта рӯзи 9-уми июл дар қаламрави Тоҷикистон боздошт шуда буданд, ба ихтиёри марзбонони қирғиз супурд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарааёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар дод.

Ёдрас мекунем, ки шаҳрвандони Қирғизистон – Доолотбой Гаимови 30-сола ва Бекмирзо Матирзоеви 28-сола рӯзи 9-уми август зимни муқовимати мусаллаҳона бо дастаи марзбонони тоҷик боздошт шуда буданд. То ин вақт онҳо дар тавқифгоҳи муваққатии шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Ҷиргатол нигаҳдорӣ мешуданд. Дар ин ҳодиса яке аз шаҳрвандони Қирғизистон кушта шуд.

Айни замон аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз ва аз ҷониби Тоҷикистон чорабиниҳои фаврии тафтишотӣ ҷараён дошта, бо анҷоми он тафтиши муштараки дуҷониба гузаронида мешавад.

Қобили зикр аст, ки аввали ҳамин ҳафта намояндагони мақомоти марзбонӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҳифзи ҳуқуқии Тоҷикистону Қирғизистон дар ноҳияи Ҷиргатол мулоқоти дуҷониба оростанд, ки дар он  ҳодисаи рӯзи 9-уми август  рухдода дар марзи давлатии ҳарду ҷониб баррасӣ шуд.