Вазири корҳои  дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ноиби президенти ширкати «Хуавей технолоҷӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Чин хонум Эми Лин вохӯрӣ доир намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо раванди амалигардонии лоиҳаи  «Системаи автоматикунонидашудаи идоракунии  ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Душанбе»-ро, ки аз ҷониби ширкати «Хуавей технолоҷӣ» омода шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қайд гардид, ки қисматҳои зиёди лоиҳаи мазкур амалӣ шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. Аммо дар баробари ин, баъзе камбудиҳои ҷойдоштаро низ бояд бартараф сохт. Аз ҷумла, омода намудан ва баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳаи мазкур, бартараф намудани баъзе нуқсонҳои техникӣ аз мавзӯҳои асосӣ ба ҳисоб рафтанд.

Ноиби президенти ширкати «Хуавей технолоҷӣ» хонум Эми Лин зимни суханрониаш иброз дошт, ки ширкати онҳо омода аст, то камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт баратараф намоянд ва барои дар сатҳи баланд татбиқ намудани лоиҳаи мазкур тамоми кӯшиши худро равона созанд.