Имрӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни сафари кориаш дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо шароити хизматбарӣ аз Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ДТММ)-и шаҳри Кӯлоб дидан намуд.

Бояд ёдовар гардид, ки Дастаи таъиноти махсуси милитсияи шаҳри Кӯлоб муддати ду сол аст, ки фаъолият намуда, дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми назаррас мегузорад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, вазири корҳои дохилӣ баъди шиносоӣ, аз рафти фаъолият ва шароити хизматрасонии кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия изҳори қаноатмандӣ намуда, тӯҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯмаки молиявӣ ва ду адад воситаи нақлиётро ба ҳайати шахсии он тақдим намуд.

Гуфта мешавад, сафари вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода ба дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаи Кулоб идома дорад.