Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенати милиса Рамазон Раҳимзода субҳи имрӯз ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳсипор шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни сафари корӣ ба ин минтақа вазир бо шароити адои хизмати кормадони мақомоти умури дохилӣ дар ноҳияҳои вилоят ва шаҳри Хоруғ шинос мешавад.

«Зимни сафари вазир ба масоили омодагӣ ба фасли зимистон, сатҳи касбии ҳайати шахсии мақомот, пешгирии сӯхторҳо ва садамаҳои нақлиёт дар қаламрави вилоят таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад», - қайд мешавад дар иттилои маркази матбуот.