Пайвандони Аҳтам Олимов, ҷавони 25-солаи тоҷик, ки чанде пеш дар марзи Сурияву Ироқ боздошт гардида буд, умедворанд, мақомоти Тоҷикистон барои бозгардонидани фарзандашон ба Ватан мусоидат хоҳанд кард.

Дар доми фиреб?


Сокинони шаҳри Душанбе Юсуф Олимов ва Хосият Тоҳирова , волидайни Аҳтам, ки нимаи аввали моҳи сентябр зимни бозпурсии мақомоти қудратии Ироқ худро Олим Юсуф Муҳаммадшариф муаррифӣ карда буд, бар ин боваранд, ки ӯ аз роҳи фиреб ба Сурияву баъдан Ироқ бурда шудааст.  Дар навори дигари видеоие, ки ахиран дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуд, ҷавони тоҷик дар ҳалқаи сарбозони ироқӣ ба зону нишаста, суолҳои онҳоро ба забони арабӣ посух мегӯяд. Хабарнигорони «Азия-Плюс» бо падару модари Аҳтам вохӯрданд. Зимни суҳбат хонум Тоҳирова гуфт, ки Аҳтам 16-уми декабри соли 2012 издивоҷ кард, вале баъд аз се моҳ аз ҳамсараш ҷудо шуда, моҳи марти соли 2013 ба Русия сафар кард. Ӯ дар яке аз ноҳияҳои вилояти Маскав кор мекард ва бори охир моҳи май ё июли соли 2013 бо волидайнаш тамос гирифт.

Падари Аҳтам иброз дошт, ки фарзандаш пештар чандон мазҳабӣ набуд: «Намозашро як рӯз мехонд, як рӯз не. Дар ҳеҷ ҷо забони арабӣ наомӯхтааст. Бори охир гуфт, Подмосковие меравам, кор мекунам, бармегардам, намеравам Русия, дар ҷонам задааст». Ба қавли ӯ, Аҳтам бори охир ба онҳо занг зада, гуфтааст, ки дар ҷангал зиндагӣ мекунад, алоқа нест ва худаш баъдан бо онҳо тамос мегирад.

Дар поёни суҳбат модари ин ҷавони тоҷик бо чашмони ашкбор чунин дарди дил кард: «Намехоҳам, ки ягон модар мисли ман гиря кунаду дар ғами фарзандаш бисӯзад. Мехохам ҳамин қадарро бидонам, ки фарзандам зинда аст. Бачаи хуб буд, ӯро кадоме фиреб кардааст».

Тоҷикон дар сафи ҷангиёни ДИИШ

Моҳи июли соли ҷорӣ Нусратулло Назаров , маъруф ба «Абӯ Холиди Кӯлобӣ» , ки ба гуфтаи худаш, дар Сурия алайҳи режими Башор Асад меҷангад, дар як навори видеоии YouTube шумори ҷангиёни тоҷикро танҳо дар ин кишвари араб 500-600 нафар гуфта буд. Ба қавли ӯ, дар ҳар набард «20-30 бародари мусалмони Тоҷикистон шаҳид мешавад».


Вале муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Акрам Амонов рӯзи 21-уми ноябр зимни суханронӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ чунин изҳор дошт: «300 нафарро аниқ кардаем, ки аз Тоҷикистонанд. Ҳисобашро гирифтан бисёр душвор аст, барои он ки Сурия ҳаст, Ироқ ҳаст, Либия ҳаст. Аз Тоҷикистон бо 2 маршрут мераванд - яктояш Афғонистон ва дуюмаш - Маскав». Вай афзуд, ки ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон асосан дар «Проспект Мира»-и Маскав, маҳалли ҷойгиршавии бузургтарин ва яке аз қадимтарин масҷидҳои ҷомеъи пойтахти Русия сурат мепазирад.

Билофосила пас аз ин Шӯрои муфтиёти Русия бо пахши як баёния ин иддаои муовини раиси КДАМ ҶТ-ро дар бораи вуҷуди нуқтаи ҷалби шаҳрвандони тоҷик ба ҷанги Сурия дар масҷиди ҷомеъи Маскав рад кард.

Калисои католикии арманӣ дар шаҳри Раққаи Сурия. Ҳоло ба ҷойи салиб болои он парчами «Давлати исломӣ» барафрошта шудааст.

Чаро ҷавонони тоҷик ба ҷангҳои мазҳабӣ мераванд? 


Муҳиддин Кабирӣ , раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар суҳбати ихтисосӣ бо Хабаргузории «Азия-Плюс» пиромуни иштироки шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷанги Сурия аз ҷумла гуфт, ки айни замон аврупоиён ва намояндагони ҷамоҳири пасошӯравӣ назар ба Вазиристони Покистон бештар ба ин кишвар мераванд: «Агар онҳо бо сабабҳои зиёд намехостанд ба Вазиристон бираванд, пас вуруди онҳо ба Сурия бисёр осон аст. Аз тариқи Туркия. Ва онҳо дар кишвари Сурия, ба истилоҳ, вазифаи мазҳабии худро иҷро мекунанд». Ба қавли ӯ, иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги Сурия ҷузъе аз ин мушкилот мебошад ва бино ба баъзе маълумот, теъдоди намояндагони дигар кишварҳо, ҳатто Қазоқистону Қирғизистони начандон исломӣ нисбат ба шаҳрвандони тоҷик ба маротиб зиёд аст.

Рашид Ғанӣ Абдулло , сиёсатшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, тоҷикон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ танҳо барои ба даст овардани пул иштирок намекунанд, балки ин амали онҳо эҳтимолан ангезаҳои ақидатӣ, идеологӣ ва ҳатто фарҳангӣ низ дорад. Ӯ дар ҷараёни мусоҳиба бо «Азия-Плюс» аз ҷумла чунин гуфт: «Чӣ метавонад як ҷавони тоҷик ё қазоқро аз Осиёи Маразӣ бо як инглиси аслӣ муттафиқу ҳамфикр созад, ки дар Сурия ва Ироқ ҷанг кунанд? Мегӯянд, ки шояд барои пул мерафта бошад. Он пуле, ки дар он ҷо медодаанд - 400-500 доллар дар як моҳ барои сарбози одӣ, магар ин пулро ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ бидуни ба таҳлука андохтани ҷони худ пайдо намекард?».

Коршиноси умури сиёсӣ паёмадҳои иштироки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ҷангҳои мамолики араб чунин арзёбӣ кард:

Ҳамзамон Абдуллоҳи Муҳаққиқ , коршиноси масоили амнияти мазҳабӣ дар суҳбат бо «Азия-Плюс» дастгир шудани Аҳтам Олимовро дар Ироқ нигаронкунанда номид, вале ба назари ӯ, боздошти тоҷикон дар ҷангҳои мазҳабӣ падидаи тоза нест:

- Омили рафтани ҷавонони тоҷикро ба ҷангҳои Сурияву Ироқ бояд дар Тоҷикистон ҷуст. Чун миссионер ва воъизони ба ном "ширинсухан", "фахри ислом" "мавлавӣ"-ҳои бехабар аз Ислом ва муздур зиёд гаштаанд ва ҷавонони гирди худро "сеҳр" карда, мағзи онҳоро идора мекунанд. Бубинед, дар интернет навори сӯзонидани шиносномаҳои тоҷикӣ, озарӣ, гурҷӣ аз ҷониби ин ҷиҳодиҳо ба намоиш гузошта шудааст. Ин ҳолат аз он далолат мекунад, ки онҳо ба миллат ва нажоди худ эҳтиром надоранд, зеро ин тоифаи такфирӣ арзишдмантарин муқаддасоти инсониро пушти по зада, эътироф намекунанд. Аҳли такфир дар ҷангҳои мусалмонкуш ва кишварсӯз бозичаи дасти ҷаҳони берун аз Исломанд. Аз фарти ҷоҳилӣ ва тундгаройӣ кирдору фаъолиятҳои зиддиисломӣ ва зиддибашарии худро ҷиҳод мепиндоранд.