Кормандон Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз кӯшиши гаравгонгирии як сокини деҳаи ҳаммарзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷилавгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, рӯзи 1-уми декабр дар мавзеи Сурхиалами ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод миёни кормандони кумита бо шаҳрвандони мусаллаҳи Афғонистон муқовимати мусаллаҳона сурат гирифта, қочоқбарони афғон як мардро ба сифати гаравгон ба кишвари ҳамсоя бурданӣ будаанд.

«Бар асари тирапрронии суратгирифта сокини 25-солаи Афғонистон Шукур валади Давлаталӣ безарар гардонида шуда, шаҳрванди дигари ин кишвар – Нодир валади Ҷумъахон захмӣ ва ба ӯ муяссар шуд, ки бо дигар қочқбарон ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ барад», - қайд мешавад дар иттилоъ.

Гуфта мешавад, хҳтимол меравад, ки аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша ба куштору гаравгонгирӣ даст доранд. Дар ҷойи ҳодиса таппонча бо 8 дона тир ва телефони ҳамроҳ бо ду симкорти операторони мобилии Тоҷикистон дарёфт щудааст.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар ҷойи ҳодиса қочоқбарони афғон беш аз 11 кило маводи нашъаоварро боқӣ гузоштаанд. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.