Зимни суханронӣ дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон прокурори генералии ҷумҳурӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод изҳор намуд, ки аксари тоҷикони ҷанганда дар сафҳои ба ном Давлати исломӣ (ДИ) дар Ироқу Сурия пайравони равияи Салафия мебошанд.
Ба гуфтаи ӯ, равияи динии Салафия, ки фаъолияташ ҳанӯз моҳи январи соли 2009 манъ шуда буд, айни замон нерӯи асосӣ дар кишвар мебошад, ки аз афкору ғояҳои Давлати исломӣ пуштибонӣ мекунад.
«Тибқи маълумоти ахир, дар сафҳои созмонҳои террористӣ дар хориҷи кишвар 1 ҳазору 94 шаҳрванди Тоҷикистон меҷанганд, ки соли гузашта 147 нафар аз сафи гурӯҳои мусаллаҳи хориҷи кишвар ба ватан баргашта, 780 шаҳрванди ҷанганда дар сафҳои Давлати исломӣ мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд», - иброз дошт ӯ.
Прокурори генералӣ қайд кард, ки беш аз 85 фоизи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар дар сафҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ меҷанганд, аз муҳоҷирати корӣ ба он ҷо рафтаанд.
Ӯ таъкид дошт, ки соли гузашта дар Тоҷиистон ситоди ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба масоили муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ таъсис дода шуд. «Танҳо соли гузашта ҳангоми кӯшиши тарки кишвар бо мақсади пайвастан ба сафҳои ДИ 31 шаҳрванди ҷумҳурӣ боздошт ва нисбати 166 шаҳрванди ҷанганда дар сафҳои ДИ парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд», - гуфт номбурда.
Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ҳамчунин қайд кард, ки баъзе мақомоти давлатӣ ба ҳукумат маълумоти носанҷидаро пешниҳод мекунанд. «Масалан, Кумита оид ба корҳои дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ахири соли гузашта маълумот дод, ки дар 1 ҳазору 565 масҷиди сабтиномнашуда марказҳои фарҳангӣ таъсис дода шуданд, вале 927 масҷид аз шумори зикргардида то имрӯз пинҳонӣ фаъолият мекунанд. Ғайр аз ин, тибқи омори расмӣ, айни замон дар муассисаҳои таълимоти динии ғайрирасмӣ дар хориҷи кишвар 288 шаҳрвандони мо ғайрирасмӣ таҳсил доранд, вале дар асл шумори онҳо аз 1 ҳазор нафар зиёдтар аст», - таъкид дошт прокурори генералӣ.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2025
Интизориҳои ҷомеа аз Носир Саид ва хотираҳо аз Нуриддин Саид. Онҳо кистанду чӣ корнома доранд?
Дар Бохтар озмоишгоҳи замонавии “Агро олам”, ки таркиби хокро меомӯзад, ба кор оғоз кард
Ҳабибулло Воҳидзода, ки ҳамчун додситони кулли нави Тоҷикистон пешниҳод шуд, кист?
Чӣ тавр дар шароити хона занбӯруғ парвариш мекунанд?
Панҷ гузариши гаронтарин. Футболбозони тоҷикро бо чанд пул хариданд?
Шаш соли ҳабси як сокини Хуҷанд барои "паҳни наворҳои хусусияти ифротидошта"
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Амири шаробхор ва зоҳид”
Дар Қазоқистон чанд шаҳрванди Тоҷикистонро аз сардӣ наҷот додаанд
НАВШУДА. Бег Сабур ва Шералӣ Мирзо аз вазифа озод шуданд. Номзадии Юсуф Раҳмон барои барканорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста