То 20 ноябр дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар нақшаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пеш аз муҳлат пурра ба иҷро расид.
Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Полковник Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки айни замон комиссияи махсуси Вазорат тамоми масоилу мушкилоти дар ҷараёни маъракаи даъват пайдошударо меомӯзад.
Ба гуфтаи манбаъ, ояндаи наздик вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ ва тадбирҳои бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда машварат доир мекунад.
Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони марди синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.