Генерал Олег Митяев, фориғуттаҳсили Академияи нерӯҳои мусаллаҳи Русия, фармондеҳи нави пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон таъин шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мақомоти Вазорати дифои Русия гуфтаанд, муаррифии Митяев рӯзи 13 декабр сурат гирифта, ӯ дар мақоми нав Денис Ляминро иваз кард.

Гуфта мешавад, Лямин ҳамагӣ як соли пеш фармондеҳии пойгоҳи 201-ро ба ӯҳда гирифта буд. Ин полковники 37-сола ва фориғуттаҳсили омӯзишгоҳи танкии Челябинск, ҳоло фармондеҳи дивизияи 90-уми танкӣ дар ин вилоят таъин гардидааст.

Қобили зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз иншооти бузургтарини ҳарбии кишвар дар қаламрави берун аз Русия маҳсуб меёбад. Ҷузъу томҳои пойгоҳ бо ҳайати иборат аз 7 нафар ҳазор афсарону сарбозон дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа мустақар мебошанд. Мувофиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 баимзорасида, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.