Шабакаҳои мушакии "Искандар-М”-и Қувваҳои Мусаллаҳи Русия имрӯз дар машқгоҳи «Лоҳур» ба самти ҳадафҳои аз ҷониби хадамоти иктишофӣ муайяншуда мушак партоб карданд.
Тавре ёвари фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи ҳарбии марказӣ Ярослав Рошупкин хабар додааст, мушаки партобшуда издиҳоми ҷангиёни эҳтимолӣ дар макони муқарраршударо нобуд кардааст.
Хабаргузории ТАСС дар ин робита иттилоъ додааст, ки бори нахуст аст, ки шабакаҳои мушакии "Искандар-М” берун аз ҳудуди Русия мушак партоб мекунанд. Мушаки «Искандар-М» ба нобуд кардани ҳадаф дар масофаи то 500 километр қодир аст. Мушакҳо бо бузургтарин ҳавопаймоҳои ҳарбии боркаши Нерӯҳои ҳарбӣ-кайҳонии Русия «Руслан» ба Тоҷикистон оварда шудаанд.
Имрӯз дар доираи марҳилаи хотимавии тамринҳо воҳидҳои нерӯҳои таъиноти махсуси Русия дар майдонҳои баландкӯҳи машқгоҳи «Ҳарбмайдон», 15 км дуртар аз марзи Тоҷикистону Афғонистон фуруд омада, бо кумаки авиатсияи бесарнишин ба корҳои кашфу ошкор кардани ҳадафҳо дар ин мавзеъ ва нобуд кардани онҳо оғоз намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни тамринҳои зиддитеррористии мазкур ҳудуди 2 ҳазор нафар сарбозону афсарони артиши Русия, беш аз 3 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон иштирок карда, беш аз 300 адад авиатсияи ҷангӣ, аз ҷумла 30 ҳавопаймо ва чархболҳо, техникаи зиреҳпӯш ва артиллерия сафарбар шудааст.