Мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанберо кормандони милитсия таҳти побонӣ қарор доданд. Ин иқдом бо дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини амнияти толибилмони мактабҳо сурат гирифтааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати маорифи пойтахт дар ин робита хабар дод, муассисаҳои таҳсилоти миёнаро кормандони хадамоти посбонии «Муҳофиз»-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон посбонӣ хоҳанд кард. Барои ин кор ба кормандони милитсия аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағ пардохт мешавад.

«Бо дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ Раёсати маорифи шаҳри Душанбе бо ВКД Тоҷикистон дар ин хусус шартнома ба имзо расонида, аз 1 феврал мактабҳоро 200 нафар кормандони хадамоти зикршуда, ду нафарӣ дар ҳар кадоме аз мактабҳо посбонӣ мекунанд», - хабар доданд аз Раёсати маорифи пойтахт.

Хотиррасон шуд, ки қаблан дар мактабҳои шаҳр чунин посбонӣ вуҷуд надошт, танҳо мктабҳои хусусӣ аз ҳисоби буҷети мактаб ё маблағҳои волидон барои худ посбонон киро мекарданд.

Тибқи маълумоти Раёсат, дар Душанбе дар маҷмӯъ 144 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунанд, ки фаъолияти 111-тои он аз ҳисоби буҷети шаҳру ноҳияҳо маблағгузорӣ шуда, боқимонда мактабҳои хусусӣ  мебошанд ё ба сохтори вазорату идораҳо ва муасисаҳои олии таълимӣ дохиланд.

«Танҳо мактабҳое, ки аз буҷет маблағгузорӣ мешаванд ва мактабҳое, ки зиёда аз 500 нафар хонанда доранд, таҳти посбонӣ қарор мегиранд», - таъкид дошт манбаъ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.