Бо иштироки Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода ва намояндагони Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт, дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ду дидбонгоҳи сарҳадӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дидбонгоҳи сарҳадии «Меҳробод» аз ҳисоби воситаҳои ширкати «Барқи тоҷик» бунёд шуда, барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии он 18 млн. сомонӣ маблағ масраф шудааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар бинои асосии дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳробод” утоқҳои корӣ барои афсарон, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, ҷой барои истироҳату фароғат, хизмати маишӣ ва ғайра бунёд шуда, дар ин ҷо пеш аз ҳама барои назорат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ аз техникаву технологияи пешрафта васеъ истифода мебаранд.
Гуфта мешавад, ҳамзамон дидбонгоҳи сарҳадии “Пунук” низ ба истифода дода шуда, он бо маблағи 5 млн. 400 ҳазор сомонӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маблағгузорӣ шудаааст. Ин дидбонгоҳи сарҳадӣ низ дорои тамоми шароити зарурӣ мебошад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста