Имрӯз назди бинои сафорати Эрон дар Душанбе даҳҳо нафар бо шиорҳои «Нест бод Кабирӣ!», «Соли 1992-2000-умро намехоҳем!», «Аз мардуми мусулмони Тоҷикистон чӣ мехоҳед!?», «Фарзандони моро роҳгум накунед!» гирдиҳамойӣ оростанд. Миёни тазоҳургарон аксаран ҷавонон ва ҳамчунин занон ҳузур доштанд.
Ҷамъомадагон изҳор медоштанд, ки «касе ҳуқуқ надорад ба сиёсати давлатии Тоҷикистон дахолат намояд».
Навори видеои ин таҷаммӯъ дар сомонаи Faraj.tj мунташир шудааст.
Аз муроҷиатҳои тазоҳургурон бармеояд, ки онҳо аз консул ва намояндагии Эрон дар Тоҷикистон талаб доранд, ки сокинони Тоҷикистонро аз Эрон ба ватан баргардонанд, то ки онҳо гумроҳ нашуда, ба амнияти кишвар хатар эҷод насозанд.
Гирдиҳамойӣ на бештар аз ним соат давом карда, сипас тазоҳургарон пароканда шуданд.
Дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон ин ҳодисаро ба ҳеҷ гунае шарҳ надоданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Хасан22 май, 2018 18:30
ҲНИ ин вабои аср аст
магамед22 май, 2018 13:15
ХНИ вайронкунандаи афкори милати точикон
магамед22 май, 2018 10:48
Шуури чамъиятро вайрон кард
магамед22 май, 2018 10:46
Нест бод давлатхои парасдори хорича
магамед22 май, 2018 10:27
Барои осоиштагии Точикистон мо бо ХНИ мубориза мебарем