Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дар Маскав қарор дошта, имрӯз дар вохӯрии ҳамасолаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат меварзад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Шӯрои амнияти Тоҷикистон.
Вохӯрӣ таҳти раёсати котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патуршев доир гардида, дар он масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ ва байнулмилалӣ дар паҳнои кишварҳои узви Созмон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Як сол пеш дар чунин вохӯрӣ ба масоили марбут ба муқовимат ба таблиғи афкори равияҳои тундгаро дар қаламрави ИДМ, фаъолияти Маркази зиддитеррористии ИДМ, ҳамчунин муборизаи муштарак бо таҳдиду чолишҳои бармеомада аз созмонҳои террористӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуда буд.
Он замон Патрушев қайд карда буд, ки паҳншавии тундгароии динӣ яке аз таҳдидҳои асосӣ ба таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, ахиран зуҳуроти ифротгароӣ бо истифода аз дастовардҳои илмӣ бештар бузурмиқёстар ва серпадидатар мегардад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд
Вазорати меҳнат: Барои кор дар Британия ба ширкатҳои иҷозанадошта муроҷиат накунед!
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста