Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон хабар додааст, ки нақшаи даъвати тирамоҳии вилоят пурра иҷро шудааст. Маркази матбуотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон аз қавли роҳбарияти комиссариати ҳарбии вилоят навиштааст, ки нақшаи даъвати тирамоҳии вилоят рӯзи 31 октябр 100,1 фоиз иҷро шудааст.
“Ҷавонони даъвашуда ба ҷузъу томҳои низомӣ тақсим шудаву қисме, ки давраи таълимии омодагии сарбози ҷавонро гузаштаанд, савганди ҳарби ёд карданд” – овардааст, манбаъ.
Ба гуфтаи ин манбаъ шаҳру навоҳии Норак, Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав, Данғара, Ҷайҳун, Шаҳритус, Муъминобод, Балҷувон, Хуросон, Темурмалик нақшаи баҳории даъват ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзҳои аввали моҳи октябр иҷро карда буданд.
Бояд гуфт, ки даъвати тирамоҳӣ ба қавли масъулини комиссариатҳои ҳарбӣ ва комиссияҳои даъватии назди ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо дар қиёс ба давраҳои даъватии солҳои пеш бе мушкил анҷом ёфт. Ба гуфтаи онҳо имсол сафи ҷавонони хоҳишманд ба хизмат хеле зиёд шудааст.
Имсол ВМКБ дар рӯзи аввали даъват аз иҷрои 103 %-и нақша ва баъди чанд рӯз гуруҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт низ аз иҷрои он хабар доданд.
Бино ба маълумоти Вазорати дифоъ шаҳри Душанбе низ дар даҳаи аввали имсолаи даъвати сарбозон нақшаро комилан иҷро кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста