Вазорати дифои Тоҷикистон як рӯз пас аз муҳлати анҷоми даъвати ҳарбӣ аз иҷро шудани нақшаи он хабар дод. Вале гуфт, бо вуҷуди расман поён ёфтани даъват ба артиш, даъвати ҷавонон ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисташон давом хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, то кунун аз баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон хабар мерасид, ки бо зӯр ба артиш бурдани ҷавонон идома дорад/ Баъзе аз мутахассисон сукути якрӯзаи мақомотро ба эҳтимоли иҷро нашудани нақша пайванд медиҳанд.
Вазорати дифоъ дар солҳои пешин, вақте иҷро шудани нақшаи даъватро эълон мекард, ҳамчунин дарсадии иҷро шудани онро низ расонаӣ мекард. Аммо имсол бар хилофи таҷрибаҳои пешин, танҳо гуфт нақша иҷро шуд, вале чанд дар сад иҷро шуд ва дарсадии иҷрои нақша дар шаҳру навоҳӣ чӣ гуна аст, нагуфт.
Ҳамчунин як манбаъи “Азия-Плюс” дар вилояти Хатлон гуфт, ки ба шаҳру ноҳияҳое, ки дар ин вилоят нақшаро иҷро накардаанд, супориш шудааст, ки то 5-уми декабр нақшаро иҷроӣ кунанд.
Вазорати дифои Тоҷикистон шоми 1 декабр гуфт, масъулини комиссияҳои давлатии даъватӣ, нахуст дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон даъват ба артишро тибқи нақшаи ба онҳо пешбинишуда ва дар муҳлати муайян иҷро намуданд.
- Вале, тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон то оғози даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд,- гуфтанд аз Вазорати дифоъ.
Моддаи 28. Даъвати ҷавонон ба комисариати ҳарбӣ давом дорад
Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода дар суҳбат бо “Азия - Плюс” гуфт, бо вуҷуди иҷро шудани нақша ҷавононро барои омӯзиш ва омодагӣ ба даъвати баҳорӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ даъват намуда, онҳоро ба қайд мегиранд.
- Мисол шаҳрванд аз як ноҳия ба ноҳияи дигар равад, бояд дар муддати 45 рӯз аз қайдбароварда, дар қайди ноҳияи дигар монад,- гуфт Маҳмадализода.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо дар ин сурат, комисариати ҳарбӣ имкон дорад, ҷавонони синни даъватиро то мавсими даъвати дигар тариқи даъватнома ба омӯзиш ҷалб намояд.
Ба таъкиди Маҳмадализода ба омӯзиши ҷавонон солимгардонӣ омӯзиши ҳайати шахсӣ, бақайдгириро дар бар мегирад. Яъне ин барои муайян кардани зихираи даъватӣ ва захираи сафарбариро дар бар мегирад.
- Дар ин сурат комиссариатҳои ҳарбӣ мушаххас мекунанд, ки дар минтақа чӣ қадар ҷавони синни даъват ҳаст ва чӣ қадари онҳо ҳуқуқи ба таъхир андохтанро доранду чӣ қадар даъвташванда мебошанд, - гуфти ин масъули вазорат.
Ин амр имкон медиҳад, ки онҳо дар мавсими дигари даъвати ҳарбӣ даъватшавандаро бемамоният ба артиш ҷалб кунанд.
Ба назари Маҳмадализода, имсол дертар иҷро шудани нақша ба он бастагӣ дошт, ки онҳо мисли солҳои гузашта барои ҷалби наваскарон аз хобгоҳҳо истифода накарданд. Балки ҳар қадаре, ки аз ҳар қисми низомӣ аз хидмат рухсат кардем, ба ҳамон андоза ҷалб кардем, ки ин замонгир шуд.
Вазорати дифоъ: Давоми сол даъватнома мефиристанд...
Фаридун Маҳмадализода тасдиқ намуд, ки имкон дорад, ки ба даъватшаванда дар моҳҳои дигар ҳам даъватнома равон карда шавад, , вале ин даъватномаи хидмат ба артиш набуда, омӯзиш аст.
Номбурда иддаои он ки то ба ҳол дар бархе аз шаҳру ноҳияҳо ҷавононро ба артишҳ ҷалб карда истодаанд, рад накард ва гуфт, ин маъракаи омӯзиш ва бақайдгирии ҷавонони синни хидмат аст.
Вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, вақте ба ҷавон аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома исрол карда мешавад, ин ҳаракати даъватӣ аст ва он ғайриқонунӣ мебошад.
Дилрабо Самадова, мудири созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", ки ба ҳимоят аз ҳуқуқи сарбозон ва ҷавонони синни даъват ба артиш машғул аст, гуфт, ҳаракатҳои даъватӣ танҳо дар мавсими даъватии ҷавонон ба артиш бо фармонӣ раисҷумҳур бояд сурат гирад.
- Дар қонун мафҳуми омӯхтани ҳолати даъватшаванда мавҷуд аст, вале он набояд даъват ба комиссариатӣ ҳарбӣ ва аз комисияи тиббӣ гузаронида, солим гуфта даъватнома доданро дар бар гирад. Ин ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аст,- гуфт Самадова
Шикоятҳои имсола аз рафти даъват ба артиш
Аз Вазорати дифоъ нагуфтанд, ки то ба ҳол чанд нафар ба хидмати алтернативӣ- пулакӣ ҷалб шудаанд, вале зикр краданд, ки рӯзҳои наздик ҳамаи маълумоти заруриро ҷамъбаст намуда, ба расонаҳо пешниҳод хоҳанд кард.
Масъалаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои доғ аст ва ҳамасола дар давраи даъват ба хидмат мавридҳои зиёди ҷалби иҷборӣ ҳам ба назар мерасад, ки дар миёни мардум бо номи "облава" маъруф шудаанд.
Фариддун Маҳмадализода гуфт, имсол дар мавриди ҷалби иҷбории ҷавонон ба сафи артиш муроҷиатҳо буд, вале маълум гардид, ки ҳамаи онҳо ба нофаҳмиҳо ба тарҳи қонун дар бораи хидмати ҳарбӣ, ки моҳи январ ворид шуд, рабт дорад.
- Аз сабаби он ки тарҳи нави қонун аз моҳи январи соли равон ба тасвиб расид, вобаста ба ҳамин нафароне, ки аз тарҳи қонун бехабар ҳастанд ё маълумот надоранд, дар баъзе ҳолатҳо шикоят мекунанд. Масалан, муроҷиатҳо ба он маъно аст, ки фарзанди ман дар зинаи магистр таҳсил мекунад, вале ӯро ба хидмат ҷалб карданд, -гуфт Маҳмадализода.
Ҳамчунин ӯ гуфт, танҳо муаллимоне ки дар деҳот ба касби омӯзгорӣ машғуланд ҳуқуқӣ ба таъхир андохтани хидматро доранд ва онҳое, ки дар шаҳр ба омӯзгорӣ машғуланд, бояд ба хидмат ҷалб шаванд.
Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқдонҳо аз афзоиши мавридҳои "сарбозшикор" изҳори нигаронӣ доранд. Масъулони созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мегӯянд, тақрибан ҳар рӯз дар ин бора шикоят мегиранд. Дилрабо Самадова, мудири созмон, рӯзи 30-юми ноябр гуфт, "агар соли гузашта зиёда аз 300 нафар аз поймол шудани ҳуқуқашон дар вақти даъват шикоят карда буданд, имсол ин омор қариб ба 1000 нафар расид."
Мақомот ҳамеша ба набудани "сарбозшикор" ё "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад. Вале бино ба наворҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ кормандони мақомот дар либоси шаҳрвандӣ ҷавононро аз кӯчаҳо дошта, ба артиш мебаранд.
Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста