Дар пайи номӯътадил гардидани вазъи амниятии Русия Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ин кишвар бо нашри муроҷиатнома аз муҳоҷирони тоҷик хост, ки аз сафарҳои ғайримақсаднок ба сарҳади Украина худдорӣ карда, дар сурати пайдо шудани мушкил бо Намояндагӣ ба тамос шаванд.

Ин ниҳод дар саҳифаи фейсбукаш ба ҳамватанон ҳушдор медиҳад, ки бо назардошти таҳдид ба вазъияти амниятӣ дар кишвари иқомат, “аз сафари ғайримақсаднок ба минтақаҳои наздисарҳадии Русия бо Украина худдорӣ намоянд”.

“Тибқи иттилои Кумитаи миллии зиддитеррористӣ, дар шаҳри Москва, вилояҳои Москва ва Воронеж низоми амалиёти зиддитеррористӣ эълон карда шудааст”, - менависад манбаъ.

Вобаста ба ин, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз рафтан “ба ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва чорабиниҳои оммавӣ, хусусан бо истифода аз нақлиёти шахсии худ, худдорӣ намоянд”.

Барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;

3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (966) 031-22-22;

4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;

6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (926) 311-52-53.

Бояд гуфт, субҳи имрӯз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳам ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор дод, ки аз сафари ғайримақсаднок ба минтақаҳои наздисарҳадии Русия бо Украина худдорӣ намоянд ва ба ҷойҳои серодам ва чорабинҳои оммавӣ нараванд.

Ёдовар мешавем, ки шаби гузашта, 23-юми июн, Евгений Пригожин, роҳбари ширкати ҳарбии хусусии “Вагнер” дар як навор гуфт, ки нерӯҳои Вазорати дифои Русия ба пойгоҳҳои ин гурӯҳ зарба задаанд, аз ин рӯ, ӯ бо нерӯҳои мусаллаҳаш, ки даъво дорад 25 ҳазор нафар аст, ба шаҳри Ростови лаби Дон, ба ситоди Округи ҳарбии ҷанубӣ ворид шудааст ва биноҳои асосии ҳарбӣ ва давлатиро ишғол кардааст.

Мақомоти давлатии Русия, аз ҷумла, Хадамоти федералии бехатарӣ, Додситонии кулл ва Вазорати мудофиа ин амал ва изҳороти Евгений Пригожинро “даъват ба исёни мусаллаҳона” тавсиф карда, хабар доданд, ки алайҳи ӯ бо моддаи 279 Кодекси ҷиноятии Русия парванда боз кардаанд. Бар асоси ин модда ба Пригожин аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар робита ба ин, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар муроҷиатномаи телевизионии худ бе ном бурдан аз шахси мушаххас, махсусан Пригожин ҳодисаи рухдодаро хиёнат ва хоинӣ ба кишвару халқ номид ва гуфт, Русия худро аз хиёнати дохилӣ ҳифз хоҳад кард.

“Ман ҳамчун як шаҳрванди Русия барои дифоъ аз кишвар ҳама корро мекунам, чораҳои қатъӣ, аз ҷумла дар бораи вазъ дар Ростов андешида мешаванд”,- гуфт Путин.

Президенти Русия даъват кард, ки мардум дар шӯриши мусаллаҳона ширкат накунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.