Вазоратҳои дифои Тоҷикистону Туркия созишнома дар бораи ҳамкориҳои дифоӣ ва протоколи иҷрои кӯмакҳои молиро имзо карданд. Дар ин бора хабаргузории Анадолу иттилоъ медиҳад.

Созишномаи мазкур дар ҳошияи 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноати дифоъ - DEF 2023, ки аз 25 то 28-уми июл дар Туркия баргузор мешавад, аз ҷониби вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва вазири дифои Туркия Яшар Гулер имзо гардидааст.

Бар асоси ин тавофуқ, Тоҷикистон ва Туркия тааҳҳуд кардаанд, ки дар заминаи масоили дифоӣ ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар заминаи ҳифзи марз ва мубориза бо терроризмро ба роҳ монанд.

Ин иқдом ба манзури таҳкими амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ шуда, манофеи мутақобилаи ду кишварро дар густариши ҳамкориҳо таъйид мекунад.

Дар ҳамин ҳол, вазорати дифои Тоҷикистон ҳанӯз мушаххас накардааст, ки санади имзошуда чиро дар бар мегирад.

IDEF яке аз даҳ бузургтарин намоишгоҳи саноати дифоъ дар ҷаҳон ва яке аз муҳимтарин намоишгоҳҳои аслиҳа дар Аврупо мебошад.

Дар намоишгоҳи IDEF имкони шиносоӣ бо технологияҳои муосири дифоӣ ва намунаҳо дар бахшҳои мухталифи маҷмааи ҳарбӣ-саноатӣ, навтарин коркардҳои техникаи ҳарбӣ, ки барои содирот ба бозори ҷаҳонии аслиҳа пешниҳод карда мешавад, фароҳам оварда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.