Дар 20 рӯзи аввали маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 66 дарсади нақшаи даъват иҷро шудааст.

Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин ниҳод, то кунун, дар вилояти Хатлон беш аз 71 дарсади нақшаи даъват иҷро шудааст.

Вилояти Суғд бошад, давоми 20 рӯзи аввали маъракаи даъват ба сафи артиш 54 дарсади нақшаро иҷро кардааст.

Дар шаҳри Душанбе давоми 10 рӯзи аввали маъракаи даъват ба артиш 65 дарсади нақша иҷро шудааст.

Шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ бошанд, давоми даҳ рӯзи аввал 73.3 дарсади нақшаро иҷро кардаанд.

Бояд гуфт, ки нақшаи даъват ба артишро дар рӯзҳои аввал якҷо бо ВМКБ чандин шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Вахш ва Фархор низ пурра иҷро карданд.

Хотиррасон мешавем, ки маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми октябр шуруъ шуда, то 30 ноябр идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.