Гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон зимни мулоқоти навбатии худ боз 17,98 километр сарҳади давлатиро мувофиқа намуданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, тавофуқоти мазкур зимни мулоқоти ҷонибҳо, ки аз 1 то 8-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд сурат гирифт, ҳосил шудааст. Аз рӯйи натиҷаи ҷаласаи мазкур Протоколи дахлдор низ ба имзо расидааст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар ҷаласаи навбатӣ, ки дар қаламрави Қирғизистон доир мегардад, корҳоро оид ба аломатгузории минтақаҳои боқимонда идома медиҳанд.

Бояд гуфт, қаблан, рӯзи 3-юми ноябр дар ҳамоише раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров гуфта буд, ки ҳарду кишвар тасмим доранд, то соли нав масъалаҳои марзиро ҳал кунанд.

Пештар аз ин, моҳи ноябри соли 2022 раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Жапаров низ чунин изҳорот дода буд, аммо ҷонибҳо натавонистаанд ҳама корро сари вақт анҷом диҳанд.

Дар соли 2023, бахусус дар моҳҳои ахир, комиссияи дуҷониба оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон фаъолияти худро пурзур кардаанд. Танҳо дар моҳҳои октябр-ноябр ҷонибҳо аз мувофиқаи тақрибан 75 километр марзи давлатӣ хабар доданд.

Аз ҷумла, дар мулоқоти гурӯҳҳои кории топографии ду кишвар рӯзҳои 3-7-уми октябр дар вилояти Бодканди Қирғизистон ҷонибҳо дар бораи 43,32 километр марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд. Дар ҷаласа рӯзҳои 12-18-уми октябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд боз 13,98 км сарҳади давлатӣ мувофиқа гардид.

Илова бар ин, аз аввали моҳи октябр ду ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи давлатӣ таҳти раёсати раиси КДАМ-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси КДАМ-и Қирғизистон Қимчибек Ташиев баргузор гардид. Зимни он Протоколи №44 ба имзо расид, ки муҳтавои он барои ҷомеа норавшан аст.

Бояд зикр кард, ки дарозии умумии сарҳади ду ҷумҳурӣ тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир беш аз се ду ҳиссаи хатти марзӣ мушаххас ва эътирофи мутақобила шуда, қитъаҳои боқимонда баҳснок дониста мешаванд. Баҳсҳои сарҳадӣ чандин маротиба боиси муноқишаҳо ва даргириҳо низ гардида, аз ҳар ду ҷониб қурбониҳо ба ҷо гузоштааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.