Канибадам. 27 апрел. «Азия-Плюс» - | Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода рӯзи чоршанбе бо сокинони шаҳри Конибодом вохӯрӣ анҷом дод.
Тавре ба «АП» аз маъмурияти шаҳр хабар доданд, вохӯрӣ дар майдони киштзори ҷамъияти саҳомии Энаҷон Бойматов, бо иштироки наздики 5 ҳазор сокини шаҳр баргузор гашт. Сӯҳбати раиси вилоят бо шаҳрвандон дар чунин фазои ғайриоддӣ хеле ошкоро ва самимӣ гузашт, афзуд манбаъ.
Қоҳир Расулзода зимни баромади худ таъкид кард, ки аз 201 муроҷиатномаи сокинони Конибодом беш аз 80 % ҳали худро ёфтанд. Қисмати дигари он, ки маблағгузориро тақозо дорад то соли 2013 ҳал хоҳанд шуд.
Раиси вилоят ба ҳали мусбии мушкилоти сокинони минтақа, истифодаи дурусти заминҳои хочагидорӣ ишора карда, ба мақомоти дахлдор супориш дод то мушкили мардумро алалхусус дар масоили тақсимоти қитъаи замин барои сохтмони манзили зист ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ҳал карда шаванд. Ҳамзамон камбудиҳо дар фаъолияти корхонаҳои хусусигардондашудаи саноатӣ , коркарди маводи хом ва дигар масоил қайд карда шуд.
Дар рафти сӯҳбат сокинони шаҳр имкон пайдо карданд, то ба раиси вилоят бевосита саволи худро ироа кунанд. Дар ҷавоб Расулзода, роҳбарони мақомоти дахлдорро мувазаф кард то ба мушкили шаҳрвандон расидагӣ кунанд. Чунин мулоқоти раиси вилоят дар тамоми манотиқи Суғд гузаронда мешавад, хабар дод манбаъ.
Обуҳавошиносон: Имрӯз Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад
Мошинҳои калонҳаҷми боркаши Тоҷикистон мунтазири тартиби нави боркашонӣ тариқи Ӯзбекистон
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
Дар Тоҷикистон барои монеи таҳсили хонандагон шудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Кишти баҳорӣ дар Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист, вале камобӣ эҳсос мешавад
Дар семоҳаи аввали соли 2024 чӣ қадар тоҷикистониён ба Русия рафтаанд?
Тоҷикистон то охири ҳамин моҳ ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бармегардад
Афғонистон аз ҳуқуқи овоздиҳӣ дар СММ барои пардохт накардани аъзоҳаққӣ маҳрум шуд
Вазири корҳои дохилии Русия: “Муҳоҷирон ҳамагӣ ба 4%-и ҷиноятҳо даст доранд”
Дар Тоҷикистон кӯдакон дигар идгардак намекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста