Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс — Дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи мардумӣ Умаралӣ Хисайнов дар робита ба масъалаи тавсияи раиси шаҳри Душанбе бобати коҳиши нархи орду гӯшт изҳор дошт, ки ҳарчанд он барои қишри камбизоати аҳолӣ чораи муфид бошад ҳам, вале он соҳибкорро барои иҷрои ҳатмии он муваззаф намесозад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тавсия дод, ки гӯшти гов бо нархи на бештар аз 23 сомонӣ, гӯсфанд 24 сомонӣ ва орд бо нархи 135 сомонӣ фурӯхта шавад ва дирӯз кормандони Раёсати корҳои дохилии пойтахт чанде аз гӯштфурӯшонро барои риоя накардани ин тавсия боздошт намуданд.

Умаралӣ Хисайнов гуфт, тавсия қонун нест ва мақомоти шаҳрдории пойтахтро мебояд сабабҳои болоравии нархҳо ва оқибатҳои амали кормандони милиса нисбати гӯштфурӯшонро биомӯзад, ки метавонанд ба камчин шудани ин ё он маҳсулот дар бозорҳо боис гарданд. «Дар ин ҳолат ҷорисозии чораҳои маъмурӣ ғайриқонунӣ аст», - таъкид сохт ӯ.

Ба ақидаи мавсуф, сабаби аслии болоравии нархҳо дар бозори дохилӣ коҳиши қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ аст ва агар ҳукумати ҷумҳуриву ниҳодҳои дигари молиявии дахлдор таъҷилан бобати мӯътадил сохтани қурби асъори миллӣ чора наандешанд, дар Тоҷикистон нархи маҳсулот ва ҳама гуна навъи хизмтгузориҳо ҳамарӯза афзоиш хоҳанд ёфт.

Дар робита ба ин масъала раиси раёсати созмони ҷамъиятии «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» Константин Бондаренко чунин ибрози андеша намуд, ки дар мӯътадилсозии нархҳо чораҳои фишороварӣ қобили қабул нест, зеро он ба пайдо шудани ба истилоҳ «бозори сиёҳ» боис мегардад, ки дар он нархҳо метавонанд боз ҳам баландтар шаванд. «Агар ба вазъи имрӯза дар бозори маҳсулоти гӯштӣ назар андозем, феълан гӯшт кам ва сифаташ низ паст шуда, он ҳам дар нимаи аввали рӯз пурра фурӯхта мешавад ва агар нархҳо ҳам сунъӣ нигоҳ дошта шаванд, фурушандаҳо низ гӯшти сифаташ пастро ба фурӯш хоҳанд гузошт», - гуфт ӯ.

Раиси Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров низ боздошти гӯштфурӯшонро ғайриқонунӣ арзёбӣ менамояд. «Дар шароити иқтисоди бозорӣ зиёд кардани нарх аз ҷониби соҳибкор ҷанбаи ахлоқӣ дорад ва бо чораҳои маъмурӣ онро наметавон танзим намуд», - гуфт ӯ.

Номбурда ба сифати чораҳои пурсамар рушд додани механизмҳои бозорӣ – рақобат ва роҳандозии сиёсати мусоиди андозбандиро пешниҳод кард.