Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Зимни машварати кории раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ эълон гардид, ки шурӯъ аз 1-уми июни соли ҷорӣ арзиши роҳкирои нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанбе боло меравад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов иттилоъ дод, ин тасмим бинобар боло рафтани нархи маводи сӯзишвориву қисмҳои эҳтиётӣ ва дар мувофиқа бо хадамоти зидиинҳисории кишвар пеш гирифта шудааст.
Ба қавли мавсуф, дар машварат ҳамчунин масоили ҳарчи бештар ғанисозии бозори истехмолии пойтахт низ баррасӣ шудаанд. «Раиси пойтахт ба хадамоти дахлдор супориш дод, ки аз болои масъалаи таъмини бозорҳои шаҳр бо гӯшти хушсифат ва фурӯши он бо нархи тавсияшуда – 23 сомонӣ барои як кило гӯшти гов ва 24 сомонӣ барои гӯшти гӯсфанд назорати қатъӣ баранд», - афзуд номбурда.
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Фолбиниву ҷодугарӣ акнун ҷиноят аст. Ҷазо барои ин амалҳо пурзӯр шуд
Обуҳавошиносон: Имрӯз Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад
Мошинҳои калонҳаҷми боркаши Тоҷикистон мунтазири тартиби нави боркашонӣ тариқи Ӯзбекистон
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
Дар Тоҷикистон барои монеи таҳсили хонандагон шудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Кишти баҳорӣ дар Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист, вале камобӣ эҳсос мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста